Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар мавриди вагонҳояш аз САҲА ёрӣ хост


Тоҷикистон аз САҲА хостааст, ба ҳалли қазияи вагонҳои дар Узбакистон бандшудааш мусоидат кунад. Сафири Тоҷикистон дар ин созмон Нуриддин Шамсов гуфтааст, Душанбе ба САҲА ва раҳбари давраияш Қазоқистон муроҷиат карда, ки дар чаҳорчӯби мандати худ ҷиҳати таъмини амнияти васоили нақлия ва убуру мурури озодонаи марзҳо, ки аз аслҳу ӯҳдадориҳои эълонкардаи ин созмон аст, тадобири фаъолона ва муассире бияндешад.
Оқои Шамсов гуфтааст, талошҳои якҷонибаи Тоҷикистон ба манзури ҳалли қазия натиҷа надод. Ҷамъи вагонҳои дар қаламрави Узбакистон бандшудаи Тоҷикистон беш аз 2000 баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG