Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин бароварди авоқиби селхезии Кӯлоб


Ҷамъи қурбониёни обхезиҳои рӯзҳои 6 ва 7 май дар минтақаи Кӯлоб дастикам 16 нафар гуфта шуда, беш аз 40 тани дигар беномунишон боқӣ мемонанд. Бар асари офоти табиӣ дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб ва навоҳии Мӯъминободу Шӯробод ва Нораку Восеъ наздики 2000 манзил, 12 пул, ҳазорҳео гектар замини кишт ва садҳо километр роҳ тахриб шудаанд.
Селхезиҳо дар маҷмӯъ ба 12 ноҳияи ҷануби Тоҷикистон асобат карда, хисороташ, ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолоти изтирорӣ Мунир Назриев, болиғ аз 100 миллион доллар шудааст.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз аз шаҳри офатзадаи Кӯлоб дидан кард. Ба хотири кӯмак ба осебдидагон як ситоди ҳукуматӣ таҳти раҳбарии муовини сарвазир Муродалии Алимардон ташкил шуда, дар “Амонатбонк” барои ёрӣ ба сокинони навоҳии офатзада суратҳисоби вижа боз шудааст.
XS
SM
MD
LG