Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин саммитҳои пасошӯравӣ баъд аз суқути Боқиев


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ширкат дар маросими таҷлил аз солгарди 65-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ ба Маскав рафт. Дар ҳошияи ин маросим нишастҳои ғайрирасмии сарони созмонҳои пасошӯравие, чун Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ва Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ баргузор хоҳад шуд. Ин нахустин ҳамоиши раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ дар пайи суқути давлати Қурмбонбек Боқиев, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон дар натиҷаи ошӯбҳои рӯзи 7 апрел аст.
Дар сафороиҳои низомии бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Маскав 70 донишҷӯи донишкадаи низомии Душанбе ва 7 собиқадори ҷанг аз Тоҷикистон низ ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG