Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев ба халабони ҳавопаймои Боқиев орден дод


Бино ба гузоришҳо, Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ба халабони ҳавопаймое, ки Қурмонбек Боқиевро моҳи гузашта аз Қирғизистон хориҷ кардааст, ҷоизаи давлатӣ дод. Вай ба халабон Игор Бейлин ордени Айбин ё ифтихории дараҷаи дуввум эъто кард, зеро вай тавонистааст бо ҳавопаймо аз ҷануби Қирғизистон Боқиевро ба хориҷ интиқол диҳад. Ба халабонони дигари ин ҳавопаймо низ ҷоизаҳои хурдтар додаанд.
XS
SM
MD
LG