Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон бо бардоштани раводид бо Эрон розӣ нест


Як мақоми расмии ҳукумати Эрон гуфтааст, Тоҷикистон пешниҳод дар бораи муқаррароти рафту омади бидуни раводиди миёни ду кишварро рад кардааст. Ҳасан Қашқавӣ-муовини вазири корҳои хориҷаи Эрон дар поёни боздиди чаҳоррӯзаи худ аз Тоҷикистон гуфтааст, ин кишвар омода нест ба рафту омдаи бидуни раводид розӣ шавад. Аммо вай гуфт, ҳукумати Тоҷикистон розӣ шудааст, ба эрониёне, ки омодаанд соле бештар аз 500 000 доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд, раводиди қобили истифодаи мукаррар бидиҳад.
XS
SM
MD
LG