Пайвандҳои дастрасӣ

Меркел аз даъват ба ҷашни пирӯзӣ ташаккур кард


Ангела Меркел-нахуствазири Олмон даъват барои ширкат дар маросимҳои ҷашни пирӯзӣ дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ дар Маскавро барои худ ифтихори бузург хонд. Хонум Меркел дар мусоҳибае бо матбуоти Русия, ки имрӯз ба нашр расидааст, мегӯяд, чунин даъват нишон медиҳад, ки Русияву Олмон аз таърих сабақ гирифтаанд ва ҳоло дар сулҳу дӯстӣ ба сар мебаранд. Герҳард Шроудер-нахуствазири пешини Олмон аввалин нахуствазир буд, ки 5 соли пеш дар ҷашни пирӯзӣ бар Олмони нозӣ дар маросимҳои Майдони Сурхи Маскав ширкат дошт. Хонум Меркел ба нируҳои эътилоф барои қурбониҳояшон дар мубориза бар зидди Олмони нозӣ ташаккур кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG