Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳофизакорони Британия ба эътилоф омодаанд


Имрӯз Дэвид Камерон-раиси ҳизби мухолифи Муҳофизакори Британия баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи порламонӣ гуфт, ки талош хоҳад кард, то бо ҳизби хурдтари Либерал-Демократ эътлоф ташкил кунад.

"Ман мехоҳам як нуктаи муҳимро ошкор ва ба Либерал-Демократҳо эътлофи ҳамаҷониба пешниҳод кунам".

Гордон Браун-нахуствазири кунунӣ аз Ҳизби Коргар низ гуфтааст, ки бо Либерал-Демократҳо вориди музокира хоҳад шуд. Ҳизби Муҳофизакор натавонистааст аксарияти мутлақи курсиҳоро дар порламон ба даст орад. Ҳар ҳизб барои доштани аксарияти мутлақ дар порламон бояд аз 650 курсӣ 326 курсиро ишғол кунад.Муҳофизакорон 301 курсӣ, Ҳизби Коргар 255 курсӣ ва Либерал-Демократ 54 курсиро дар порламон соҳиб шудаанд. Либерал-Демократҳо дар Британия нируи севвум ба шумор мераванд.
XS
SM
MD
LG