Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯдакони тоҷик дар Маскав аз муоина мегузаранд


Як сомонаи интернетии Русия бо номи rbc.ru навиштааст, Николай Филатов-раиси раёсати беҳдоштии Маскав санаде имзо кардааст ва тибқи он акнун ҳамаи кӯдаконе, ки аз Тоҷикистон ба Маскав меоянд, ҳатман бояд аз ташхиси бемории фалаҷи кӯдак бигзаранд. Дар ин санад омадааст, дар қаламрави Тоҷикистон то ҳол 171 нафар гирифторони бемории фалаҷи кӯдак сабти ном шудаанд ва аз ин беморӣ 12 кӯдак даргузаштааст. Ин беморӣ аслан дар миёни кӯдакони то 5-сола мушоҳида шудааст. Беморӣ дар 23 ноҳияи марказӣ ва қисматҳои ҷануби шарқии Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Ба навиштаи ин сомона, бештари ин ноҳияҳо бо Афғонистон ҳаммарз будаанд.
XS
SM
MD
LG