Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон бо фалаҷи кӯдак мубориза мекунанд


Дар Тоҷикистон барои мубориза бо полиомелит ё бемории фалаҷи кӯдакон маъракаи эмгузаронии кӯдакон идома дорад. Ин маърака дар се марҳала анҷом мегирад. Шамсиддин Ҷобиров-раиси ситоди мубориза бо ин беморӣ дар Тоҷикистон ба радиои Озодӣ чунин гуфт, аз фалаҷи кӯдак фақат як кӯдак даргузаштааст. Дар моҳҳои оянда кормандони беҳдошт ва довталабон беш аз як миллион кӯдаки зери сини 16-ро дар Тоҷикистон воксин мезананд. ЮНИСЕФ, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва кормандони гурӯҳе бо номи "Ташаббускорони барҳам задани фалаҷи кӯдак дар ҷаҳон" ба вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ин маърака кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG