Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидов: Пулҳои соҳилбандӣ дуздида шудаанд


Фаттоҳ Саидов-раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон дар робита бо селоби Кӯлоб гуфтааст, дуздии 6 миллион сомонӣ маблағи соҳилбандӣ дар соли 2009 дар ноҳияҳои Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Панҷ ва Восеъ ошкор шудааст. Ба гуфтаи оқои Саидов, ин маблағро барои соҳилбандӣ ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмиллалӣ ихтисос дода будаанд. Саидов мегӯяд, маблағҳо "изофанависӣ" шудаанд, яъне баъзе масъулон барои корҳои анҷомнашуда пул навиштаанд ва ин пулҳо "ғайб" задаанд.
XS
SM
MD
LG