Пайвандҳои дастрасӣ

Дар селоби Кӯлоб 40 нафар бедарак шудаанд


Дар натиҷаи боришоти пайдарҳами шадиди ду шабонарӯзи ахир ба шаҳри Кӯлоб селоби шадид ҷорӣ шуда, талафоти ҷониву молӣ бар ҷой гузоштааст. Мунира Назариева-сухангӯи ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар бораи талафоти ҷонии ин офат мегӯяд:

"7 нафар ба ҳалокат расида, мувофиқи маълумоти пешакии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 40 нафар бедарак шудаанд. Маблағи пешакии зарар беш аз 100 миллион долларро ташкил медиҳад".

Дар ҳамин ҳол, хабарнигори радиои Озодӣ аз Кӯлоб гузориш медиҳад, ки дар Кӯлоб 15 ҷасад ва дар Шурообод 5 ҷасадро ва дар Норак як ҷасад пайдо кардаанд. Селоб аз кӯчаҳои Корвонгузар, Якӯми Май ва маҳаллаи Зиракии шаҳри Кӯлоб ҷорӣ ва ба манозили сокинон осеб расондааст. Боронҳои шадид дар ноҳияҳои Шуроободу Восеъ ва Мӯъминобод низ харобиҳое бар ҷой гузоштааст. Роҳҳо хароб ва шабааҳои интиқоли барқ қатъ шудааст. Ҳукумати Кӯлоб барои рафъи пайомадҳои селоб аз воҳидҳои низомии Русия мустақар дар Кӯлоб дархости кӯмак кардааст. Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Кӯлоб аз маҳали офат боздид кардааст.
XS
SM
MD
LG