Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон қарзаш ба Юнони бӯҳрониро ба тасвиб мерасонад


Маҷлиси поёнии порламони Олмон ё Бундестаг санадеро дар бораи тахсиси саҳми молӣ ба Юнон ба тасвиб расонд. Дар як бастаи қарзҳои чанд миллиарддолларӣ ба Юнон 22,4 миллард евро қарзи Олмон низ дохил мешавад ва он дар миёни кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бузургтарин қарз ба шумор меравад. Қарзҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул ба Юнон дар маҷмуъ 110 миллард евроро ташкил медиҳад. Интизор меравад, ки шоми имрӯз Маҷлиси болоии порламони Олмон низ қарзи кишвараш ба Юнонро ба тасвиб расонад. Раҳбарони 16 кишвари қаламрави евро шоми имрӯз дар Бруссел барои баррасии ин масъала мулоқот мекунанд.
XS
SM
MD
LG