Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар вилояти Суғд бемории фалаҷи кӯдак вуҷуд надорад


Раёсати беҳдошти виляоти Суғди Тоҷикистон гуфтааст, дар шимоли ин кишвар бемории фалаҷи кӯдак ё полиомелит мушоҳида нашудааст. Мӯъмин Бобоҷонов-раиси Маркази эмгузаронии вилоят ба рӯзноманигорон гуфтааст, дар қаламрави вилоят дар се марҳала миёни кӯдакони то 6 сола маъракаи эмгузаронӣ анҷом мегирад ва он аз 922 кӯдак бояд 321 кӯдакро фаро бигирад. Марҳалаи аввал оғоз шудааст. Дар саросари Тоҷикистон низ дар се марҳала ин иқдом анҷом мегирад ва он то 5-ӯми июн давом мекунад.
XS
SM
MD
LG