Пайвандҳои дастрасӣ

Вулкани Исландия дубора бедор мешавад


Вулкан ё оташфишони Исландия, ки моҳи гузашта сабаби қатъи парвзи ҳавопаймоҳо дар Аврупо шуд, дубора дуди ғализ ва гарди зиёдро ба фазо партоб мекунад. Ҳавошиносони Исландия мегӯянд, баъд аз дубора бедор шудани оташфишон ҳоло дуду гарди он ба баландии 7 километр партоб мешавад. Ожонсии назорат бар парвозҳои Аврупо гуфтааст, баъзе парвозҳои моварои уқёнус бояд масири худро тағир диҳанд. Аммо Ирландия дар давоми ин ҳафта бори севвум аст, ки фурудгоҳи худро бастааст. Моҳи гузашта 100 000 парвоз мамнуъ ва 8 миллион мусофир аз он зарар дида буд. Қатъи парвозҳо ба ширкатҳои ҳавоӣ миллиардҳо доллар зарар овард.
XS
SM
MD
LG