Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости Тоҷикистон аз Русия барои воридоти меваи хушк


Тибқи хабари матбуоти Русия, Тоҷикистон аз ин кишвар дархост кардааст, ки манъи воридоти меваҳои хушк ба Русияро аз миён бардорад. Дар мулоқот бо Юрий Попов-сафири Русия дар Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ин масъаларо матраҳ кардааст. Оқои Зарифӣ гуфтааст, меваҳои хушки Тоҷикистон ба Русия таҳдид намекунад. Ин меваҳои хушк аслан аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Русия ворид мешавад ва дар шимоли Тоҷикистон мавориди бемории фалаҷи кӯдак мушоҳида нашудааст. 5-ӯми май Роспотребнадзори Русия воридоти меваи хушк аз Тоҷикистонро мамнуъ эълон кард.
XS
SM
MD
LG