Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев: Ҷиноятҳои Сталин фаромӯш нахоҳад шуд


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ҷиноятҳое, ки Иосиф Сталин-диктатори Шӯравии пешин бар зидди мардуми худ содир кардааст, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Дар як мусоҳиба бо шумораи имрӯзи рӯзномаи "Известия" Медведев ҳамчунин гуфтааст, Иттиҳоди Шӯравии даврони Сталин "толталитарӣ" буд ва дар он оддитарин ҳақи инсон зери фишор қарор дошт:

"Сталин бар зидди мардуми худ ҷиноятҳои зиёд содир кард. Бо вуҷуди он ки вай зиёд кор кард, бо вуҷуди он ки кишвар зери раҳбарии вай ба комёбиҳои зиёд ноил шуд, аъмоли вай бар зидди мардуми худаш фаромӯш нахоҳад шуд".

Ин суханон раиси ҷумҳури Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки ин кишвар ба 65-ӯмин солгарди пирӯзӣ бар Олмони Нозӣ дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ омодагӣ мегирад. Дар ин мусоҳиба Медведев гуфтааст, пирӯзӣ бар Олмони Нозӣ "пирӯзии Сталин нест, пирӯзии мардуми мост".
XS
SM
MD
LG