Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Британия ҳизби ҳоким мағлуб мешавад


Дар давоми се даҳсолаи ахир акнун Британия зоҳиран ба сӯи ҳукумати муаллақ роҳ пеш гирифтааст. То ҳол шумориши оро идома дорад, вале натиҷаҳои муқаддамотӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳеҷ як аз ҳизбҳои аслӣ аксарияти комили ороро ба даст наовардаанд. Танҳо бо тафовути даҳҳо рай ҳизби марказгаро ва оппозитсионии Муҳофизакор бештари ороро соҳиб шудааст. Ҳар ҳизб барои доштани аксарияти мутлақ дар порламон бояд аз 650 курсӣ 326 курсиро ишғол кунад. Дэвид Камерон-раиси Ҳизби Муҳофизакор гуфт, Ҳизби ҳокими Коргар ҳақи ҳукумат карданро аз даст додааст:
"Мо аз саросари кишвар бояд натиҷаҳои комилро мунтазир шавем. Вале ман бовар дорам ва аз ҳоло рӯшан аст, ки Ҳизби ҳокими Коргар ҳақи ҳукумат кардан дар кишварро аз даст дод".

Ҳизби Коргар, ки дар Британия 13 сол ҳукумат кард, баъд аз Ҳизби Муҳофизакор дар мақоми дуввум қарор дорад. Ҳизби Либерал-Демократ дар мақоми севвум аст. Натиҷаҳои расмии интихобот шоми имрӯз эълон мешавад.

XS
SM
MD
LG