Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Селоби маргбор ва харобиовар дар Кӯлоб ва атрофи он


Шабе, ки гузашт дар натиҷаи боришоти шадиди борон ба шаҳри Кӯлоб селоб ҷорӣ ва талафоти ҷониву молӣ бар ҷой гузошт. Тибқи хабарҳои расида аз ин шаҳр, даҳҳо нафар бедарак шудаанд. То ҳол дар Кӯлоб 15 ҷасад ва дар Шурообод 5 ҷасадро пайдо кардаанд. Хабарнигори радиои озодӣ дар Кӯлоб мегӯяд, боронҳои шадиди пайдарҳам аз 4-ӯми май ба ин сӯ идома доштаааст. Дар маҳалле бо номи Сарчашмаи Шӯробод низ 5 нафар зери сел ҷони худро аз даст додаанд. Селоб аз кӯчаҳои Корвонгузар, Якӯми Май ва маҳаллаи Зиракии шаҳри Кӯлоб ҷорӣ ва ба манозили сокинон осеб расондааст. Боронҳои шадид дар ноҳияҳои Шуроободу Восеъ ва Мӯъминобод низ харобиҳое бар ҷой гузоштааст. Роҳҳо хароб ва шабааҳои интиқоли барқ қатъ шудааст. Ҳукумати Кӯлоб барои рафъи пайомадҳои селоб аз воҳидҳои низомии Русия мустақар дар Кӯлоб дархости кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG