Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғизистон истирдоди Боқиевро тақозо кард


Имрӯз ҳукумати муваққатии Қирғизистон гуфт, ки ба таври расмӣ истирдоди Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури барканоршудаи ин кишварро аз Беларус тақозо кардааст. Азимбек Бекназаров-муовини раиси ҳукумати муваққатӣ гуфт, дархост дар бораи истирдод ё супурдани Қурмонбек Боқиев ба Қирғизистон ба Минск фирстода шудааст. Моҳи гузашта баъд аз нооромиҳо дар Бишкек Боқиев кишварро тарк кард ва дар Беларус паноҳ ёфт. Ҳукумати муваққатӣ Қурмонбек Боқиевро масъули қатли 85 нафар медонад ва ҳақи масъуниятро аз вай бардоштааст. Аммо Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус мегӯяд, ки дархости истирдоди Боқиев "бефоида" хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG