Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати нав 300 миллиони дуздиро баргардонид


Ҳукумати муваққатии Қирғизистон як миллиарду сесад миллион сом ё муодили сӣ миллион доллари амрикоӣ пулҳои дуздиро ба хазинаи давлат бозгардонидааст.

Ҳукумати муваққатӣ: Боқиев дузд буд

Дар ин маврид Азимбек Бекназаров, ноиби раиси ҳукумати муваққатӣ, зимни ироаи гузориши фаъолияти ин ҳукумат дар муддати як моҳ ба журналистон иттилоъ дод. Вай гуфт, аз тарафи хонаводаи Боқиевҳо ба хазинаи Қирғизистон се миллиард сом, муодули 66 миллион доллари амрикоӣ хисороти молӣ ворид шудааст. Ба гуфтаи оқои Бекназаров, додситонии кулли кишвараш дар муқобили 28 нафар парвандаҳои ҷиноӣ боз кардааст, ки ба шумули он наздикон ва тарафдорони президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиев шомиланд.

Ба таъкиди ноиби раиси ҳукумати муваққатии қирғиз, додситонии кулли кишвараш ба мақомоти Белорус дар мавриди истирдоди Қурмонбек Боқиев номаи расмӣ фиристод. Азимбек Бекназаров мегӯяд, иқдоми додситонии кулл дар асоси конвенсияи кумак ва муносиботи ҳуқуқӣ перомуни парвандаҳои шаҳрвандӣ, хонаводагӣ ва ҷиноӣ сурат гирифтааст, ки дар Кишинёв ба имзо расидааст. Вай гуфт, Қурмонбек Боқиев қаблан тибқи декрети ҳукумати муваққатӣ барои сӯистифода аз ваколатҳои худ, ки ба куштори 85 кас ва ҷароҳат бардоштани садҳо нафар сабаб шуд, аз мақом ва маъсунияташ маҳрум шуд.

Ҳабси вазирону раисони ҳукумати Боқиев

Бино ба суханони Азимбек Бекназаров, вазири дифоъ, ноиби раиси хадамоти ҳифозати давлатӣ, раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ ва раҳбари котиботи дастгоҳи президенти ҳукумати Боқиев боздошт шудаанд ва дар маҳалли бозпурсиҳои қаблии Кумитаи амнияти миллӣ ба сар мебаранд. Элмурзо Сотиболдиев, собиқ мушовири президент дар умури амният, ба ҳабси хонагӣ маҳкум шудааст.

Дархости мизбонии нишастҳои байнулмилалӣ

Аз таҳаввулоти дигаре, ки мавриди таваҷҷӯҳи хабарнигорон қарор гирифт, мулоқоти Руслан Қазоқбоев, вазири хориҷаи ҳукумати муваққатии Қирғизистон, бо намояндаи хоси Иттиҳоди Аврупо дар умури Осиёи Марказӣ Пиер Морел мебошад.

Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати хориҷаи қирғиз, Қазоқбоев ва Морел вазъияти сиёсиву иҷтимоии Қирғизистонро баррасӣ карданд ва нақшаи тақвимии ислоҳоти демократӣ дар ин кишварро баҳс намуданд.

Дафтари матбуоти вазорати хориҷа мегӯяд, Руслан Қазоқбоев аз Пиер Морел хоҳиш кардааст, ки нишастҳои байналмилалӣ перомуни масоили амниятӣ, экологӣ ва захоири обро дар Бишкек баргузор кунад, ки ба манфиатҳои Қирғизистон тавъаманд.

Феликс Қулов аз худ дарак медиҳад

Феликс Қулов, раиси ҳизби «Ору номус», ки дар тазоҳуротҳои соли 2007 раиси ҷабҳаи миллии оппозисиюнро низ бар зимма дошт, Шӯрои иҷтимоии амниятро бар дӯш гирифтааст. Як гурӯҳ намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Қирғизистон аз Феликс Қулов хоҳиш кардаанд, ки ба ҳайси генерал ин вазифаи ҷамъиятиро бар дӯш гирад. Аммо, ин тараддудҳои созмонҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳукумати муваққатиро нигарон кардааст. Интизор меравад, 17-уми май боз мардум даст ба намоишҳои эътирозӣ занад ва вазъи кишвар ба бумбаст рӯбарӯ хоҳад шуд.

Азимбек Бекназаров, ноиби Роза Отунбоева, мардуми кишварашро итминон дод, ки бидуни ташвишу нигаронӣ ба зиндагии ороми худ идома диҳад. Вай гуфт, ҳар навъи тазоҳурот дигар боиси ташвишҳои ҳукумати муваққатӣ нахоҳад шуд. Вай мегӯяд, онҳоро тарсонидан лозим нест, зеро Боқиев даҳ сол онҳоро тарсонид, вале ба ҳадафҳои худ нарасид.
XS
SM
MD
LG