Пайвандҳои дастрасӣ

Дар соатҳои наздик ғолиби интихоботи порлумонии Бритониё эълон хоҳад шуд. Феълан, дар ин кишвар шумориши райъҳо идома дорад. Барои порлумон асосан се ҳизб вориди рақобатанд.

Назархоҳиҳои пас аз интихоботӣ нишон додааст, ки ҳеҷ яке аз аҳзоби сиёсӣ раъйи кофӣ барои ташкили ҳукуматро ба даст намеорад, аммо ҳизби мухолифи муҳофизакор бештари курсиҳои порлумонро соҳиб хоҳад шуд. Назархоҳиҳо барои муҳофизакорон 307 курсӣ, барои Ҳизби коргарӣ 255 ва либерал-демократҳо 59 курсӣ пешбинӣ кардаанд. Ҳизби муҳофизакори рости марказгарои Бритониё умедвор аст, ки ҳукуматро аз дасти Ҳизби коргарии чапи марказгаро мегирад, ки ин ҳизб 13 сол дар сари қудрат аст.

Тайи 80 соли ахир танҳо ду ҳизби асосӣ дар Бритониё барои қудрат талош меварзиданд, аммо ин бор ба ин мубориза ҳизби хурде, Ҳизби Либерал- Демократ, низ ворид шудааст.

Раиси ин ҳизб Ник Клег пас аз силсилаи баҳсҳои телевизионӣ бо рақибони худ аз ду ҳизби бузурги бритониёӣ Гордон Браун ва Дейвид Камерун, бо далелу мантиқ онҳоро шикаст дода, ба шӯҳрат расидааст ва як алтернативаи наверо ба интихобкунандагон пешниҳод намудааст.

Ҳарчанд, ситораи пурдурахши чеҳраи нави Бритониё ба курсии сарвазирӣ нахоҳад расид, чун шумори кофии курсиҳоро ба даст нахоҳад овард, аммо эҳтимолан дар натиҷаи вуруди ҳизби саввум ба саҳнаи сиёсӣ порлумоне ба вуҷуд хоҳад омад, ки дар он ягон ҳизб аксариятро ташкил нахоҳад дод ва зарурат ба ташкили ҳукумати эътилофӣ пеш хоҳад омад. Бори охир чунин ҳолат 36 сол пеш рух дода буд.

Дар ҳар сурат, мегӯянд коршиносон, ҳолате, ки ду ҳизби асосии Бритониё бо навбат ба ин кишвар ҳокимият мекарданд, ба поён мерасад. Клег инро ҳам дарк мекунад, ки ҳарду ҳизби асосӣ маҷбур хоҳанд буд, ки барои ташкили эътилоф бо ӯ вориди гуфтушунид шаванд. Вай аз ҳоло гуфтааст, бо ҳизби Кор, агар Браун дар садри он боқӣ мемонад, сари коре нахоҳад дошт. Браун посух дод, дар ҳоли шикаст дар интихобот низ раҳбарии ҳизбро тарк нахоҳад кард.

Вале ҳам Браун ва ҳам Камерун зери фишори ҳамҳизбиёни худ хоҳанд буд, дар ҳоле ки Клег вазъи беҳтаре хоҳад дошт ва ислоҳи низоми интихоботии Бритониёро талаб хоҳад кард, то аҳзоб дар ташкили ҳукумат ҳаққи мутаносиб ба ҳузурашон дар порлумон дошта бошанд. Вале то ҳоло ингуна буд, ки аз ду ҳизбе кадоме раъйи бештар меовард, ҳаққи ташкили ҳукуматро соҳиб мегашт.
XS
SM
MD
LG