Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъд аз он ки парлумони Юнон чораҳои сахтгиронаи иқтисодиро ба тасвиб расонд, дар пойтахти он кишвар задухӯрдҳои нави эътирозгарон бо неруҳои интизомӣ ба амал омад.

Ба чонибдории чораҳои сахтгирона 172 қонунгузори юнонӣ ва ба муқобили он 121 вакил овоз доданд. Ҳамакнун, нафақа ва маоши коргарони ширкату муассисаҳои давлатӣ кам ва молиёт зиёд мешавад. Дар арафаи райъдиҳӣ дар парлумон Георг Папандреу, нахуствазири Юнон, гуфт, қабули қонуни нав ягона роҳи пешгирӣ аз муфлисшавии кишвар буд.

Дар ҳамин ҳол, бузургтарин иттиҳоди касабаи кишвар ба тазоҳуротҳои эътирозии нав даъват кард ва дар атрофи бинои парлумон ҳазорон нафар гирдиҳам омадаанд.

Ҳамоно баъд аз маълум шудани натиҷаҳои овоздиҳӣ эътирозгарон дар хиёбонҳои Афина раҳпаймоиро оғоз карда, шиорҳои зиддиҳукуматӣ мезаданд.

Тасвиби қоидаҳои нави сахтгирона мардумро ба хашм овардааст ва тазоҳургарони хашмгин ба ҷониби кормандони пулис шишаҳо ва санг партоб мекарданд.

Дар натиҷаи тазоҳуроти ду рӯзи пеш се нафар дар бинои яке аз бонкҳои Афина дар коми оташ ба ҳалокат расиданд.

Тарҳи наҷоти Юнон аз бӯҳрони молӣ коҳиши маош ва афзоиши чашмраси молиётро пешбинӣ мекунад.

Бӯҳрони қарзи Юнон ҳатто дар бозори саҳҳомии Уолл Стрит дар Нй-Йорк эҳсос шуд ва асабонияти сармоягузорон дар бозор боис шуд, ки қиммати бурс дар ин бозор тақрибан 600 шохис поин равад. Кишварҳои арзии евро ва Сандуқи байналмилалии пул дар ивази пешниҳоди кумаки молии бесобиқа баробар ба 110 миллиард евро аз ҳукумати Юнон талаб намудаанд, ки масрафҳояшро ба таври умда кам кунад.
XS
SM
MD
LG