Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз сафороии низомӣ баргузор шуд


Субҳи имрӯз, 7-уми май, дар шаҳри Душанбе сафороии низомӣ ё паради ҳарбӣ ба муносибати таҷлил аз 65–умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм сурат гирифт.

Баргузории тантанаҳои ҷашнӣ ба ин муносибат дар шаҳри Маскави Русия, ки қарор аст, ҳайате аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон дар раъси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур пайдо кунанд, аз иллати зудтар доир шудани гузашти низомӣ дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе унвон шудааст. Қарор аст, раисҷумҳурро дар сафар ба Русия вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ва теъдоде аз собиқадорони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон ҳамроҳӣ кунанд.

Тоҷикон дар паради Маскав

Барои нахустин бор гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишкадаи низомии Тоҷикистон дар маросими ботантанаи гузашти низомӣ дар Майдони Сурхи шаҳри Маскави Русия ширкат хоҳанд кард.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, 75 нафар ё як ротаи донишҷӯёни Донишкадаи низомии ин вазорат бар асоси тавофуқоти дуҷониба ва ба манзури дар сатҳи олӣ баргузор шудани гузашти низомӣ ба муносибати 65 – умин солагии ғалаба дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ дар Майдони Сурхи шаҳри Маскав аллакай озими Русия шудаанд.

Ба гуфтаи вай, донишҷӯёни тоҷикро дар ин сафар ҳайате аз афсарони Вазорати дифоъ ҳамроҳӣ хоҳанд кард. Сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Тоҷикистон, ба хусус падарону бобоёни мардуми тоҷик дар пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ саҳми боризе гузошта ва аз худ қаҳрамониҳо ва ҷонфидоиҳое нишон додаанд, донишчӯёни Донишкадаи низомии вазорати дифоъ низ ба унвони давомдиҳандаи ин насли бошараф дар қатори намояндагони дигар миллатҳои кишварҳои собиқи Шӯравӣ шарафи ширкат дар тантанаҳои идона дар шаҳри Маскавро пайдо карданд.

Паради ғалабаи Душанбе

Аммо, ба иттилои ҷаноби Маҳмадалиев, дар расми гузашти низомӣ дар Боғи Ғалабаи пойтахти Тоҷикистон 2200 тан аз низомиёни чузъу томҳои гарнизони шаҳри Душанбе ширкат карданд. Мувофиқи нақша расми гузашти низомӣ таҳти фармондеҳии сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи воҳидҷои зудамал, генерал- майор Латиф Файзиев, ҷараён гирифта ва онро вазири дифоъи Тоҷикистон генерал–полковник Шералӣ Хайруллоев қабул кард.

Дар солҳои қаблӣ расми гузашти санаҳои муҳими ҷашни ғалаба дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ дар майдони Дустӣ, дар маркази шаҳри Душанбе бо ширкати сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирифт.

Зимнан, оморҳо ҳокист, ки аз Тоҷикистон дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонии солҳои 1941 – 1945, беш аз 260 ҳазор нафар ширкат карда, ки тибқи баъзе ҳисобҳо, 70 ҳазор аз онҳо дар майдонҳои набард ҷони худро аз даст доаанд. Беш аз 50 нафар аз Тоҷикистон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардадаанд.
XS
SM
MD
LG