Пайвандҳои дастрасӣ

Шумориши орои интихоботи Бритониё шурӯъ шуд


Дар Бритониё, ба шумориши орои интихоботи порлумонӣ шурӯъ карданд. Назархоҳиҳои баъди интихоботӣ нишон додааст, ки ҳеҷ яке аз аҳзоби сиёсӣ раъйи кофӣ барои ташкили ҳукуматро ба даст намеоранд, аммо ҳизби мухолифи муҳофизакор бештари курсиҳои порлумонро соҳиб хоҳад шуд. Назархоҳиҳо барои муҳофизакорон 307 курсӣ, барои Ҳизби коргарӣ 255 ва либерал демократҳо 59 курсӣ пешбинӣ кардаанд. Ҳизби муҳофизакори рости марказгарои Бритониё умедвор аст, ки ҳукуматро аз дасти Ҳизби коргарии чапи марказгаро мегирад, ки ин ҳизб 13 сол дар сари қудрат аст.
XS
SM
MD
LG