Пайвандҳои дастрасӣ

Русия вуруди кӯдакони тоҷик ба он кишварро мамнӯъ кард


Шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯзи панҷшанбе ҳақ надоранд, фарзандони хурдсоли худро ҳамроҳашон ба Русия баранд, зеро мақомоти Русия ба иллати хуруҷи фалаҷи атфол дар Тоҷикистон, вуруди кӯдакони то 6-солаи тоҷик ба Русияро мамнӯъ кардаанд. Геннадий Онишенко, сартабиби хадамоти беҳдоштии Русия, ба хабаргузории «Интерфакс” гуфтааст, дар шаҳри Ангарск, як кӯдаки тоҷикро бо нишонаҳои бемории фалаҷ бистарӣ кардаанд ва аз ин рӯ то поёни маъракаи ваксинзанӣ алайҳи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон, вуруди кӯдакони хурдсоли тоҷик ба Русия мамнӯъ хоҳад буд. Дар Тоҷикистон то кунун бештар аз 200 мавриди сироят ба бемории хатарноки фалаҷи атфол сабт шудааст ва ин беморӣ то кунун 12 нафарро куштааст.
XS
SM
MD
LG