Пайвандҳои дастрасӣ

Порлумони Юнон барномаи дардноки иқтисодиро пазируфт


Вакилони порлумони Юнон барномаи дарднокеро тасвиб карданд, ки шарти дарёфти миллиардҳо доллар кӯмаки молӣ барои наҷоти кишвар аз вартаи бӯҳрон аст. Юнон бояд дар ивази 110 миллиард евро қарзи боимтиёз аз тарафи Сандуқи Байналмилалии Пул ва 15 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, молиётро афзоиш дода, музди кору ҳаққи бознишастагиро камтар кунад. Баъди тасвиби барнома, пулиси Юнон маҷбур шуд, то барои пароканда кардани садҳо тазоҳургари хашмгини атрофи порлумон, аз гази ашковар истифода кунад. Дирӯз даҳҳо ҳазор нафар дар сартосари Афина пойтахти Юнон тазоҳуротро идома доданд. Як рӯз пеш аз ин бар асари ошӯбҳо се нафар ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG