Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби қарзи навбатии Бонки Ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон


Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки барои мусоидат ба афзоиши тавлиди нерӯи барқ ба Тоҷикистон 15 миллион доллар қарзи боимтиёз медиҳад. Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи 6 май, тарҳи ихтисоси қарзи мазкурро тасвиб кард. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистон баъди канор мондан аз Шабакаи ягонаи нерӯи барқи Осиёи Марказӣ, гирифтори мушкилоти изофӣ шуд ва ҳадаф аз иҷрои барнома таъмини 250 ҳазор нафар бо нерӯи барқ дар шимоли Тоҷикистон аст. Дигар аз ҳадафи барнома афзоиши тавзеъи нерӯи барқ ва гармӣ дар сартосари кишвар бидуни истифодаи беш аз ҳад ё холӣ кардани захираҳои гидроэнержии кишвар мебошад.
XS
SM
MD
LG