Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаи назархоҳиҳои интихоботи Бритониё


Қарор аст, имрӯз натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи порлумонии Бритониё эълом шавад, ки имсол аз шӯру ҳавои хосе бархурдор буд. Назархоҳиҳо дар остонаи интихобот нишон додааст, ки Ҳизби муҳофизакорони Бритониё аз рақибони худ, Ҳизби коргарии Гордон Бровн, нахуствазир ва Ҳизби Либерал Демократҳо пешсаф аст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки ба ҳайси нозир дар интихобот ширкат дорад, гуфт дар баъзе аз ҳавзаҳо то 70 дар сади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд. Бино ба натиҷаҳои назарсанҷиҳои баъди интихобот, ҳеҷ яке аз аҳзоби Бритониё раъйи кофӣ барои пирӯзӣ дар интихоботро ба даст намеоранд, агарчӣ Ҳизби муҳофизакор курсиҳои бештари порлумонро соҳиб хоҳад шуд. Назархоҳиҳо барои муҳофизакорон 307 курсӣ, Ҳизби коргарӣ 255 ва Ҳизби либерал демократҳо 59 курсӣ пешбинӣ кардаанд. Гузориш ва сӯҳбатҳои бештарро дар идомаи барнома мешунавем.
XS
SM
MD
LG