Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Манучеҳри Муттакӣ бо аъзои Шӯрои Амният


Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, бо 15 узви Шӯрои Амнияти Созмони Милал, аз ҷумла намояндаи Амрико дар шаҳри Ню Йорк мулоқот кардааст. Мулоқоти мазкур дар дафтари намояндагии Эрон дар Созмони Милал сурат гирифтааст, аммо сафирони Амрико, Бритониё ва Фаронса дар мулоқот ҳузур надоштаанд ва мақомоти сатҳи поёнтарро ба он фиристодаанд. Амрикоро Алехандро Фолф, муовини сафири кишвар дар Созмони Милал намояндагӣ кардааст. Гуфтӯгуи Манучеҳри Муттакӣ, бо намояндагони аъзои Шӯрои Амният дар ҳолест, ки кишвараш ба таҳримоти тозаи Созмони Милал рӯ ба рӯст. Кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд, Созмони Милал Эронро барои саркашиаш аз боздоштани фаъолиятҳои ғанисозии ураниум танбеҳ диҳад.
XS
SM
MD
LG