Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Раҳмон бо номзадҳо ба мақомҳои расмӣ


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо гурӯҳе аз номзадҳо ба мақомоти раҳбарӣ дар додситонӣ ва вазорати умури дохила сӯҳбат карда ва аз онҳо хостааст, барои мубориза бо фасод саъй кунанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо нашри иттилоияе гуфтааст, ки зимни сӯҳбат, Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи муборизаи беамон бо ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои созмонёфта ва фасод таваҷҷӯҳ кардааст. Аз номзадҳо ба мақомҳои раҳбарӣ ва маҳаллии вазорати умури дохила ва додситонӣ ном бурда нашудааст.
XS
SM
MD
LG