Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ иҷрои барномаи мубориза бо фасодро шурӯъ кард


Дар Ироқ ба иҷрои барномаи муқобила бо фасод шурӯъ кардаанд, ки ба як расм табдил шудааст. Абдулраҳим Ал-Угайлӣ, раиси Кумиссиёни мубориза бо фасоди Ироқ, ба бахши ироқии Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз иҷрои барномаи панҷсола маҳви фасод дар Ироқ аст, ки дар тамоми арсаҳои ҷомеа реша гирифтаст. Дар ин барнома 201 навъи фасод дар Ироқро муайян кардаанд, ки аксаран дар ниҳодҳои давлатӣ будааст ва ба ҳар кадоми он бо шеваи хос расидагӣ хоҳад шуд. Абдулраҳими Угайлӣ гуфтааст, медонад, ки маҳви фасод дар Ироқ ба осонӣ муяссар нахоҳад шуд. Созмони Шаффофияти Байналмилал, Ироқро яке аз фасодзадатарин кишварҳои ҷаҳон унвон кардааст.
XS
SM
MD
LG