Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интерпол ба ҷустӯҷуи Максим Боқиев пардохт


Интерпол, пулиси байналмилалӣ дархости боздошти Максим Боқиев, писари раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистонро дар миёни кишвари узв паҳн кардааст. Акси Максим Боқиев ва иттилоия дар мавриди ӯ дар вебсайти Интерпол нашр шудааст. Додситонии Қирғизистон мегӯяд, ки алайҳи Максим Боқиев, раҳбари собиқи Оҷонси сармоягузорӣ ва рушди Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Кенешбек Душебоев, раҳбари муваққати Кумитаи амниятии миллии Қирғизистон мегӯяд, эҳимолан Максим Боқиев дар яке аз кишварҳои соҳили Балтик, паноҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG