Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндагии бобои Баёни Ҳоҷӣ, як куҳансарбози ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Рашт, ки ҳоло 92 сол дорад, пур аз шуҷоату қаҳрамонист.

Вай нақл мекунад, ки "аз ҷанг бо як даст баргаштам ва бечора модарам барои хонадоршавиам азоби зиёд кашид. Ба ҳар хонае, ки модари пирам барои хостгорӣ мерафт ба ӯ ҷавоби рад медоданд, ки писари ту маъюб аст ва наметавонад бори рӯзгори оиладориро пеш бубарад".

Ва аммо бобои Баён ҳамчун як ҷавонмарди ҳақиқӣ нишон дод, ки ӯ ҳам дар майдони ҳарб ва ҳам дар корзори ҳаёт аз дигарон камӣ надорад. Вай мегӯяд, бо як даст девор задан, хона пӯшонидан, дар бозорҳо тиҷорат кардан ва дар коргоҳҳои пахтаи Туркманистон бардоштани тойҳои пахтаи то 200 кило вазн дошта аз фаъолияти кории баъдиҷангии ӯ будааст.

Ва аммо бобои Баёни Ҳоҷӣ аз ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ хотироти талхе дорад. Ин қаҳрамони мо дар муҳорибаҳои Украина ва Ленинград ширкат кардааст ва дар яке аз муҳорибаҳои назди Киев ду тонки олмониро аз кор баровардааст.

Баёни Ҳоҷӣ муҳорибаи Ленинградро аз шадидтарин набардҳо дар ин ҷанг медонад .Вай гуфт, даҳшати ҷанг ва гуруснагии мардуми Ленинград ҳеҷ гоҳ аз ёдаш нарафтааст ва даҳҳо ҷавонони тоҷик рӯи дастонаш дар озод кардани муҳосираи ин шаҳр дар дуриҳо аз ватан ҷон додаанд.

Бобои Баён ҳамчунин гуфт, Олмон дар муқоиса ба Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷиҳати доштани лавозимоти ҷангӣ,таъмини ғизо ва сарулибос бартарӣ дошт. Ва аммо ӯ пирӯзӣ дар ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бар Олмони фашистиро хидматҳои Иосиф Сталин медонад, ки ба ҳайси як сиёсатмадори борикбин тавонист Амрико ва Бритониёро ба сӯи худ бикашад.

Бобои Баён мегӯяд, ҳамагӣ то чанд моҳи анҷоми ҷанг ӯ дар яке аз муҳорибаҳо аз як дасташ маҳрум гашт ва баъди сиҳат ёфтан дар бемористони шаҳри Тамбов ба Тоҷикистон баргашт.

Тоҷиддини Муҳаммадӣ, як сокини рустои Шаҳрисабз, мегӯяд, бобои Баён дар бунёди садҳо манзили зисти мардуми ноҳияи Рашт саҳм дорад. Ӯ бо як даст девор мезанад ва боми хонаро мепӯшонад.

Бобои Баёнбеш аз 90 абераву набера дошта, ба синни 91 қадам мондааст. Аммо бо он ҳама хотироти талхи ҷанг ва рӯзгоре,ки ӯ давоми ин ҳама солҳо анҷом додаст ҳамоно аз сиҳатии худ шикоят надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG