Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон марзҳояш бо Қирғизистонро боз намекунад


Бо вуҷуди ризоияти миёни раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон Роза Отунбоева, марзи байни ду кишвар ҳамоно баста боқӣ мемонад.

Гузаргоҳҳои марзӣ бо дастури ҳукумати Қазоқистон рӯзи 7-уми апрел ва бо мақсади ҷилавгирӣ аз интиқоли силоҳ баста шудаанд.

Дар ҳоле ки президенти Қазоқистон рӯзи 14-уми май дар сӯҳбат бо раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон Отунбоева ваъдаи боз кардани гузаргоҳҳоро додааст, намояндагони расмии Бишкек мегӯянд, то имрӯз марз бастааст.

Қазоқистон барои Қирғизистон роҳи аслии додугирифт бо кишварҳои Муштаракулманофеъ ва ҷаҳон маҳсуб мешавад ва бардавом баста шудани он мақомоти Бишкекро нигарон кардааст.

Масъалаи марз яке аз мавзӯъҳои аслӣ дар мулоқоти Майкл Макфоул, мушовири аршади президенти Амрико, бо мақомоти Қирғизистон буд. Ҷаноби Макфоул, ки ахиран вориди Қирғизистон шудааст, гуфт, аз мақомоти Қазоқистон даъват хоҳад кард, то марзи худро дубора боз кунанд.

Мушовири раисиҷумҳури Амрико дар умури Русия ва Авруосиё ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мавзӯъро дар ҷараёни сафараш ба Алмато бо мақомоти Қазоқистон баррасӣ хоҳад кард.


XS
SM
MD
LG