Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёвари Обама аз Назарбоев боз кардани марзро хоҳад хост


Мушовири аршади президенти Амрико барак Обама мегӯяд, аз мақомоти Қазоқистон даъват хоҳад кард, то марз бо Қирғизистонро дубора боз кунанд. Майкл Макфоул, мушовири Обама дар умури Русия ва Авруосиё ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мавзӯъро дар ҷараёни сафараш ба Алмато бо мақомоти Қазоқистон баррасӣ хоҳад кард. Дар ҳоле ки президенти Қазоқистон рӯзи 14-уми май дар сӯҳбат бо раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон Отунбоева ваъдаи боз кардани гузаргоҳҳоро додааст, ки сар аз 7-уми апрел бастаанд, намояндагони расмии Бишкек мегӯянд, то имрӯз марз баста боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG