Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср ба истифодаи хатти арабӣ дар домейн (сарнишонаҳо) оғоз кард


Вазорати мухобироти Миср хабар дод, ки ба қайд гирифтани номи домейни сомонаҳои интернетӣ бо ҳуруфи арабӣ дар ин кишвар расман оғоз ёфт. Имрӯз се ширкати мисрӣ нахустин шуда домейн ё сарнишонаи худро бо хатти арабӣ ва пайвандаки "миср" дар охир сабтном карданд. Шаш моҳ пеш Созмони ному ададҳо, ки дар Иёлоти Муттаҳида марказ дорад, эълон кард, минбаъд сарнишонаҳо метавонанд бо ҳуруф ва забонҳои гуногуни ҷаҳон бошанд. То ҳол онҳо танҳо ба инглисӣ навишта мешуданд. Коршиносон мегӯянд, забони арабӣ ҳамагӣ 1 дардсади ҳамаи мӯҳтавои интернетро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG