Пайвандҳои дастрасӣ

Интерпол ба ҷустуҷӯи Максим Боқиев сар кард


Полиси байнулмилал ё Интерпол гуфтааст, дархости боздошти Максим Боқиев, писари президенти барканоршудаи Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро баррасӣ дорад. Ба ин муносибат акси Максим Боқиев ва эълони дархости маълумот дар бораи ӯро нашр кардааст. Пеш аз барканории падараш Максим Бунгоҳи марказии рушд ва сармоягузориҳои Қирғизистонро сарварӣ мекард, вале гуфта мешуд, салоҳиятҳои мансабаш бо сарвзаир баробар буд. Додситонии кулли Қирғизистон гуфтааст, парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи Максим Боқиев ва 20 нафар аз мансабдорони баландпояи ҳукумати Қурмонбек Боқиев 4-уми май боз шудаанд. Дар арафаи тағйири қудрат дар Бишкек Максим Боқиев барои гуфтушунид ба Амрико сафар карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG