Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паёми Вошингтон ба Иттиҳоди Аврупо


Ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷо Байден ба аъзои порлумони Аврупо гуфт, Амрико ва Аврупо имрӯз беш аз ҳарвақта ба ҳамдигар ниёз доранд. Вай зикр кард, ки агар ин дуро ҳатто арзишҳо ва мероси муштарак ба ҳам намепайваст, танҳо "манфиатҳои муштарак дар ҷаҳон" кофӣ буд, онҳоро ба таври ҷудоинопазир васл кунад. Байден гуфт, онҳо бояд дар якҷоягӣ ба мушкилоти садаи 21 расидагӣ кунанд:

"Ин қарн мушкилоти наверо пеш овард, ки камтар аз мушкилоти асри 20 нест ва мо якҷоя, муштаракан ба якояки онҳо расидагӣ мекунем. Онҳо мураккабанд. Ихтилофҳое пеш хоҳад омад ва онҳоро низ муштаракан ҳал мекунем."

Ноиб-президенти Амрико дар ин сафар бо сарони НАТО ва Иттиҳоди Аврупо низ мулоқот хоҳад кард. Дар паёмаш ба порлумони Аврупо, Байден ба баҳсҳои ҳастаии Эрон низ таъкид намуд. Вай гуфт, Эрон бояд интихоби қотеъ кунад, ки ё бо қабули қоидаҳо ба ҷомеаи байнулмилал мепайвандад ва ё бо сарсахтиҳояш ба пайомадҳои инзивои рӯзафзун фурӯ меравад.
XS
SM
MD
LG