Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 6-уми май дар Британия интихоботи умумӣ оғоз ёфт, ки ба қавли шореҳон, бо рақобатҳои шадид анҷом мегирад.

Пешбинӣ мешавад, ки барои аввалин бор дар таърихи 30 соли ахир ба парламенти Британия се ҳизб: ҳизби муҳофизакор, ҳизби ҳокими кор ё худ лейбористон ва ҳизби демократҳои либерал роҳ меёбанд. Бар пояи назархоҳиҳои пешазинтихоботӣ, ҳизби муҳофизакори Дейвид Камерон нисбат ба ҳизби ҳокими кор ё худ ҳизби лейбористони сарвазири ин кишвар Гордон Браун дастгирии бештар касб хоҳад кард.

Вале ҳизби демократҳои либералии Ник Клег ҷои лейбористонро ба қадри кофӣ танг кардааст. Шореҳон тахмин мекунанд, ки ҳизби муҳофизакор бузургтарин ҳизб дар парламент хоҳад буд, вале шумораи вакилонаш аксарияти комил дар маҷлиси поёнӣ, яъне Маҷлиси Ҷамоаҳои иборат аз 650 курсиро ташкил нахоҳад дод.

Солҳои тӯлонӣ намояндагони ҳизби демократҳои либерал аз ҳузур дар Маҷлиси Ҷамоаҳо маҳрум буд, зеро дар низоми интихоботии ин кишвар вакилон аз ҳисоби пирӯзӣ дар ҳавзаҳо якмандатӣ интихоб шуда, ҷойҳои дуюму сеюм ҳеҷ имтиёзе ба даст намеоранд. Ҳамин тариқ, пирӯзӣ ва ё нокомии ин ва ё он ҳизб на аз ҳисоби пуштибонӣ дар саросари Британия, балки аз ҳисоби пирӯзии номзадҳои он дар ҳавзаҳои инфиродӣ муайян мешавад.

Дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва ба хусус дар баҳсҳои мустақими телевизионӣ Клег тавонист худро ҳамчун нерӯи наву тоза дар муқобили сиёсатмадорони низоми кӯҳна нишон диҳад. Аз эҳтимол дур нест, ки дар натиҷаи овоздиҳии имрӯз муҳофизакорон ва ё лейбористон ба ташкили ҳукумат дар танҳоӣ қодир нашаванду, нақши ҳалкунанда дар ташкили ҳукумати эътилофӣ ба дасти демократҳои либералӣ гузарад.

Дар ҷавоб ба эҳтимоли ташкили ҳукумати ақаллият сарвазири кунунии Британия Браун иброз дошт, ки дар замони нооромии иқтисодии Аврупо чунин маъмурият аз ӯҳдаи вазифа намебарояд.

Дар Британия беш аз 44 миллион нафар ҳаққи овоздиҳӣ доранд. Натиҷаи пешакии интихобот шояд ҷумъаи 7-уми май эълон шавад.
XS
SM
MD
LG