Пайвандҳои дастрасӣ

Саркозӣ ва Меркел хостори таҳкими евро шуданд


Раисиҷумҳури Фаронса Николас Саркозӣ ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел ба назорати қавитари муқаррароти буҷа дар минтақаи евро даъват карданд. Онҳо ҳамчунин аз 16 кишваре, ки пули ягона доранд, хостаанд, як низоми муштараки расидагӣ ба бӯҳрони Юнонро омода кунанд. Бунгоҳи арзишёбиҳои иқтисодии Мудӣ ҳушдор дод, ки бӯҳрони шабеҳи Юнон мумкин аст ба низоми бонкии Португалия, Италия, Испания, Ирландия ва Британияро низ зарба занад. Ин ниҳоди бонуфуз аз сирояти эҳтимолии банкҳои Аврупо ҳушдор дод. Пешгӯии он дар ҳоле садо медиҳад, ки бӯҳрони воми Юнон ба суботи пули ягонаи Иттиҳоди Аврупо -- евро таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG