Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони ҳукми қатл ба ҳамлавари Мумбай


Додгоҳи Ҳинд имрӯз шаҳрванди Покистонро бо иттиҳоми ширкат дар ҳамлаи террористии соли 2008 дар Мумбай, ки бар асари он 160 нафар кушта шуд, ба қатл маҳкум кард. Муҳаммад Аҷмал Амир Қассоб ягона нафаре буд, ки дар ҷараёни муҳосира ва задухӯрдҳои серӯза дар Мумбай зинда боздошт шуд. Додситон Уҷвал Никам рӯзи панҷшанбе ҳукми қатли Қассобро ба хабарнигорон эълон кард ва гуфт, чаҳор нуктаи айбномаи Қассоб ба исбот расидааст. Ҳукми мазкур бояд акнун аз тарафи додгоҳи болоӣ тасдиқ шавад.
XS
SM
MD
LG