Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Хуҷанд аз донишҷӯён пуштибонӣ кард


Додгоҳи шаҳри Хуҷанд даъвои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷандро қонеъ карда, ҳаққи таҳсили онҳоро то 200 доллари амрикоӣ поин бурд. Донишҷӯён шикоят доштанд, ки донишгоҳ ҳаққи таҳсили онҳоро беасос боло бурда, ба 900 доллар расонидааст. Бо ҳукми додгоҳ акнун нархи таҳсил дар бахши ҳуқуқшиносии донишгоҳи мазкур барои соли аввал аз 900 ба 700 доллар, бахшҳои дигар аз 800 ба 700 доллар доллар поин хоҳад шуд. Ҳамчунин додгоҳ донишгоҳро ӯҳдадор кард, маблағи зиёдиро ба донишҷӯён бозгардонад.
XS
SM
MD
LG