Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон марзҳояш бо Қирғизистонро боз намекунад


Бо вуҷуди ризоияти миёни раҳбари Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон Роза Отунбоева, марзи байни ду кишвар ҳамоно баста боқӣ мемонад. Гузаргоҳҳои марзӣ бо дастури ҳукумати Қазоқистон рӯзи 7-уми апрел ва бо мақсади ҷилавгирӣ аз интиқоли силоҳ баста шудаанд. Дар ҳоле ки президенти Қазоқистон рӯзи 14-уми май дар сӯҳбат бо раҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон Отунбоева ваъдаи боз кардани гузаргоҳҳоро додааст, намояндагони расмии Бишкек мегӯянд, то имрӯз марз бастааст.
XS
SM
MD
LG