Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сури бадахшӣ сайёҳонро ба Помир мекашад


Акси зебое аз сури арӯсии Исфандиёру Маҳина, ки дар Душанбе баргузор шуда буд.
Акси зебое аз сури арӯсии Исфандиёру Маҳина, ки дар Душанбе баргузор шуда буд.

Дар баробари манзараҳои зебо ва кӯҳҳои осмонбӯс сайёҳони хориҷиро ба Бадахшон ҳамчунин помирисур ва ё тӯйи суннатии арӯсу домодӣ ҷалб мекунад.

Ҳайрату ваҷди журналистон аз тӯйи бадахшӣ

Журналисти аврупоӣ Ник Ридмайн мегӯяд, ӯро ба ин диёри кӯҳани тоҷикон фарҳанги қадимаи мардуми бумӣ овардааст. Бино ба гуфтаи Ник, дар Аврупо одатан ба орову торо додани арӯс диққати бештар медиҳанд, аммо дар туйи помирӣ омода кардани арӯсу домод қариб яксон ва зебо ва бо риояти суннатҳои қадима ва мароқангез сурат мегирад. Ник афсӯс мехӯрад, ки ҷавонтар нест, то бо завҷааш тӯяшро дар Помир баргузор бикунад.

Хабарнигори рӯзномаи олмонии «Die Welt » Юти Мюллерро низ зебоии арӯс ва тарзи омода намуданаш ба марсосим хуш омадааст, вале ӯ метарсад, ки тавони бардоштани бори гарони рӯсариҳои бешумори арӯсро надорад. Ӯ бисёр мехостааст, ки чунин навозандагону созандагони боистеъдод ва ҳозирҷавоб базми арӯсияшро гарм кунанд.

Анна Пересолова, намояндаи як ташкилоти ҷаҳонии сайёҳӣ дар Испания, арзишҳои фарҳанги Бадахшонро сарчашмаи даромадноки сайёҳӣ арзёбӣ намуда, гуфт, аз чунин имконот бояд ба нафъи густариши сайёҳӣ ва ҳифозати фарҳанг истифода бурд.

Рамзҳои сурху сафеди арӯсӣ

Манижа, арӯсе, ки чашми чандин хориҷӣ дар имрӯз ба ӯ нигариста буд, мегӯяд, барояш ба бар кардани либоси арӯсӣ хеле ҳаяҷоновар аст. Манижа, ба мисли аксар арӯсони дигари бадахшӣ, тасмим дорад, дар нахустин фурсат барои домод ва падару модари наваш бо дастони худ ҷӯроб бофта, тӯҳфа кунад.

Ҳангоме арӯсу домод ба хона ворид мешаванд, яке аз занони солманд ба китфи росташон кафи орд - рамзи сериву пурӣ ва бахти сафед мепошад. Бонуи дигар ба навхонадорон ширравғани рӯяш бо матоъи сурх пӯшидаро дароз мекунад, то аз он ба умеди зиндагии хушбахтона ком ширин кунанд.

Ҳангоми оро додани арӯс нахуст барояш пироҳан ва рӯсарии сафед, ки рамзи покизагист, мепӯшонанд. Арӯс бо шаш рӯсарии рангоранг, аммо рӯсарии сурх аз боло ба хонаи домод гусел мешавад.

Дар маросими сартарошон ҳофизон сараки шаҳро гоҳе «ба теғи ларзон»-у гоҳе «тарбузи ғелон» ташбеҳ медиҳанд. Бо оғози либоспӯшӣ ясавул ҳар замон танг будани пойафзолҳои шаҳ ва ё кӯтоҳ будани остини куртаи нави ӯро баҳона карда, калтакро ба таври рамзӣ болои китфи нафаре аз хешовандон мегузорад ва аз онҳо ҳадя меситонад.

Экспорти помирисур

Журналисти рус Олег Попов андешаи экспорт намудани помирисур ва ё туйи суннатии бадахшониро ба миён гузошт. Ба ақидаи вай, ин туй нафақат арзишҳои фарҳангии мардумро ба намоиш мегузорад ва як сайёҳ аз тамошои он баҳра мебарад, балки вай бовар дорад, нафароне ёфт мешаванд, ки мехоҳанд туяшонро дар ин кишвари пурасрору афсонавӣ ва бо маросими мардуми маҳаллӣ баргузор намоянд.

Қаблан, як бонуи итолиёвӣ, ки солиёни зиёд дар муассисаи байналмилалии «Пизишкони бидуни марз» дар Бадахшон кор карда буд, ба як ҷавони дилдодаи фаронсавиаш издивоҷ намуд ва тӯяшро дар Хоруғ бо маросими анъанавии мардуми маҳаллӣ баргузор кард. Чандин бонувони хориҷӣ, низ ки ҷавонони тоҷикро барои зиндагӣ ихтиёр кардаанд, дар тӯяшон либоси арӯсҳои маҳаллиро ба бар карданд.

Гурӯҳи 10-нафараи журналистон, ки ба манзури муаррифии бештари имконоти сайёҳии минтақа, бо даъвати Бунёди Оғохон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд, дар Бадахшон аз ёдгориҳои бостонӣ дар ноҳияи Ишкошим, Мурғоб, Шуғнон ва Боғи набототи шаҳри Хоруғ низ дидан карданд.
XS
SM
MD
LG