Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳокимаи 36 нафар бо иттиҳоми узвият дар Ҷамоати Таблиғ


36 шаҳрванди Тоҷикистон дар додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи "Ҷамоати Таблиғ" мавриди муҳокима қарор доранд. Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", айбдоркунандаи давлатӣ онҳоро ба узвият дар созмони тундгаро муттаҳам кард ва барои якоякашон аз 5 то 8 соли зиндон ҷазо хост. Мухолифони муҳокима мегӯянд, айбдоршавандагон аз худ ягон амали хушунат нишон надода, касеро ба зӯроварӣ даъват накардаанд ва танҳо барои таблиғи ислом боздошту муҷозот мешаванд. Вале аз он ҷо ки "Ҷамоати Таблиғ" якҷо бо 9 созмони дигар дар соли 2006 ҳамчун гурӯҳи тундрав маҳкум ва фаъолияти он дар дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ шудааст, дар шаҳри Душанбе низ 56 шаҳрванд бо иттиҳоми узвият дар он ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуданд.
XS
SM
MD
LG