Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии раиси вилояти Суғд аз афзоиши худкушӣ


Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз афзоиши худкушиҳо дар ин қисмтаи кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ба хабаргузории "Авесто" иттилоъ додааст, дар се моҳи аввали сол дар ин ҷо 89 нафар худкушӣ кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 26 нафар бештар аст. Расулзода ниҳодҳои маориф, ҷавонон, занон ва оила дар ҳукумати вилоятро танқид кард, ки дар ин масъала мавқеи фаъол надоранд. Вай пешниҳод кард, ки барои омӯзиши сабабҳои афзоиши худкушӣ ва ҷинояткории наврасон кумисюнҳои махсус таъсис дода шаванд.
XS
SM
MD
LG