Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷараёни интихоботи порлумонӣ дар Бритониё


Дар интихоботи порлумонии Бритониё дар ин лаҳзаҳо сабқати танготанге байни Ҳизби Кори сарвазир Гордон Браун ва Ҳизби консервативи Дейвид Камерун ҷараён дорад. Бино бар назарсанҷиҳо ҳизби савуми либерал-демократҳо таҳти сарварии Ник Клег низ пуштибонии густардае пайдо мекунад. Натиҷаҳои аввалини интихобот бо баста шудани қитъаҳои раъйдиҳӣ дар соати 10-и шаб ба вақти Лондон ва сеи шаб ба вақти Душанбе маълум хоҳанд шуд. Агар ҳеҷ ҳизбе аксарияти курсиҳои порлумони иборат аз 650 курсиро ба даст наорад, аввалин бор пас аз соли 1974 зарурати ташкили ҳукумати эътилофӣ ба миён хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG