Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Навраси 12-солаи тоҷик бо сару либоси хоси овозхонони опера, шиму костюми сафед ва гарданбанди шоҳпаракӣ дар озмуни байналмилалии овозхонони наврас дар шаҳри Сан - Ремои Итолиё, бо иҷрои таронаҳои “Республикаи ман” ва “О соле Мио” дили шунавандаҳои итолиёвиро тасхир намуда, ба ғолибият даст ёфт.

Озмуни “Сан – Ремо Ҷуниор-2010” аз 21-ум то 25-уми апрел дар шаҳри Сан-Ремо миёни ҳунармандони навраси аз 6 то 15-солаи кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор шуд ва Шоҳрух Юнусов аввалин наврасе буд, ки аз Тоҷикистон барои ширкат дар чунин як сабқати байналмилалии мусиқӣ даъват шуд. Ӯ баъд аз ширкат ва ғолибият дар чандин озмунҳои дигари мусиқӣ, аз ҷумла дар Беларус ва Қирғизистон ба озмуни ҷаҳонии “Сан - Ремо 2010” роҳхат гирифтааст.

Таассуроти Шоҳрух:

“Ман бовар доштам, ки ҷойи аввалро сазовор мешавам. Дар он ҷо ман таронаҳоямро хеле хуб иҷро карда, фарҳанги Тоҷикистонро бори нахуст нишон додам. Он ҷо 36 нафар иштирок карданд ва рӯзи аввал таронаи “Республикаи ман”-ро хондам ва баъдан бо забони неаполитанӣ суруди “О Соле Мио”-ро хондам. Устод Адҳам Холиқов мазмуни таронаро ба ман фаҳмонда доданд. Хулоса, дар шаҳри “Сан – Ремо” 5 рӯз гаштем ва он ҷо ба ман бисёр маъқул шуд.Ҷӯраҳои зиёд пайдо кардам. Орзу дорам операсарои машҳури ҷаҳон шавам.”

Шогирди хурдсоли Адҳам Холиқов

Шоҳрух Юнусов шогирди хурдсоли ҳунарманди маъруфи ин навъи мусиқӣ, Адҳам Холиқов аст, ки дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд зиндагӣ ва дар синфи 5- уми мактаби миёна таҳсил мекунад. Ӯ то кунун ду дафъа барандаи ҷашнвораи “Донак” ва имсол ғолиби озмуни “Ғунчаҳои санъат” шудааст. Шоҳрух мегӯяд, иҷрои оҳангҳои классикӣ ва операро дӯст медорад, вале мехоҳад дар оянда чанд таронаи эстрадӣ ҳам бихонад.

Модари Шоҳрух хонум Нигора мегӯяд, ҳанӯз дар синни 4-солагии ӯ, онҳо пайхас кардаанд, ки писарашон ҳунару садои хуби операсароӣ дорад. Ширкат дар чорабиниҳои боғчаву баъдан мактабӣ роҳи ӯро якбора ба чунин озмунҳои байналмилалӣ боз кардааст.



Бо ёрии ҳукумат


Барои ширкат дар озмун Шоҳрух мушкили молӣ дошт. Ӯ бояд бо маблағи худ ба Итолиё сафар мекард. Модари Шоҳрух, ки дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ мекард, дар сӯҳбат бо “Ояндасоз” гуфт, ба онҳо ҳукумати Конибодом дар ин самт кӯмак кардааст.

Баъд аз ширкат дар озмуни “Сан- Ремо Ҷуниори - 2010” Шоҳрух барои иҷрои таронаҳои операвӣ дар чандин консертҳои дигари Итолиё даъват шуд ва ҳамчунин барои идомаи таҳсилаш дар беҳтарин мактабҳои мусиқии ин кишвар низ чанд пешниҳод гирифтааст.

Аммо волидон мегӯянд, намехоҳанд фарзандашон дар ин син аз онҳо дур бошад, вале, ба қавли хонум Нигора, модари Шоҳрух, феълан дар Конибодом ягон мактаби вижае нест, ки ба такмили истеъдоду ҳунари ӯ мусоидат кунад. Танҳо ҳар мавсими тобистон ҳангоми сафари худ ба Тоҷикистон, операсарои маъруф Адҳам Холиқов бо ӯ машқ мекунад. Волидон мехоҳанд Шоҳрух таҳсилашро дар ягон мактаби мусиқии Душанбе идома диҳад, аммо, барои ин, мегӯянд онҳо, ин навраси операхон ба кӯмаки ҳукумат ва масъулин ниёз дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG