Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи порлумонии Бритониё дар рӯзи 6-уми май мумкин аст оғози поёни низоми дуҳизбии интихоботӣ дар ин кишвар шавад, ки тайи 80 соли охир меъёри асосии сиёсии Бритониё буд.

Дар ин ҳама муддат ду ҳизби бузург ва асосӣ -- Ҳизби Кор ва Ҳизби Муҳофизакорон бо ҳам дар рақобат буданд ва акнун ҳизби хурде, Ҳизби Либерал- Демократ, бино бар назарсанҷиҳо, бо ду ҳизби асосӣ дар як сатҳ қарор гирифтааст. Бритониёиҳо шахси наверо пайдо карданд, ки дар муқобили Гордон Брауни хастанамо, ки вазнашро рӯи қудрат партофтаасту, намехоҳад аз сари кор дур равад ва дар муқобили раҳбари муҳофизакорон Дейвид Камерун, ки аз фарр ё харизмаи сарварӣ бенасиб маълум мешавад, метавонад, муддаии мақоми сарвазири Бритониё бошад.

Ин шахс Ник Клег мебошад. Вай пас аз силсилаи баҳсҳои телевизионӣ бо Браун ва Камерун, бо далелу мантиқ онҳоро шикаст дода, ба шӯҳрат расид ва як алтернативаи наверо ба интихобкунандагон пешниҳод намуд. Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки сеяки интихобкунандагон аз Клег ва ҳизби ӯ пуштибонӣ хоҳанд кард.

Майкл Вайт, шореҳи сиёсии "Гордиан" мегӯяд, муваффақияти Клег ва ҳизби ӯ ҳамчунин ба сухангӯи иқтисодии ин ҳизб, Винс Кейбл низ марбут аст, ки бо пешниҳоди роҳҳои бурунрафт аз бӯҳрони феълии иқтисодӣ эътибор ва эҳтироми мардуми Бритониёро ба даст овард.

Вале гумон намеравад, ки ситораи пурдурахши чеҳраи нави Бритониё ӯро ба курсии сарвазирӣ хоҳад расонд. Зеро, бино бар низоми интихоботии ин кишвар, агар либерал-демократҳо 30 дарсади раъйҳоро ба даст оранд, фақат 100 курсиро дар порлумони дорои 650 курсӣ ишғол хоҳанд кард. Аммо эҳтимолан дар натиҷаи вуруди ҳизби саввум ба саҳнаи сиёсӣ порлумоне ба вуҷуд хоҳад омад, ки дар он ягон ҳизб аксариятро ташкил нахоҳад дод ва зарурат ба ташкили ҳукумати эътилофӣ пеш хоҳад омад. Бори охир чунин ҳолат 36 сол пеш рух дода буд.

Дар ҳар сурат, мегӯянд коршиносон, ҳолате, ки ду ҳизби асосии Бритониё бо навбат ба ин кишвар ҳокимият мекарданд, ба поён мерасад. Клег инро ҳам дарк мекунад, ки ҳарду ҳизби асосӣ маҷбур хоҳанд буд, ки барои ташкили эътилоф бо ӯ вориди гуфтушунид шаванд. Вай аз ҳоло гуфтааст, бо ҳизби Кор, агар Браун дар садри он боқӣ мемонад, сари коре нахоҳад дошт. Браун посух дод, дар ҳоли шикаст дар интихобот низ раҳбарии ҳизбро тарк нахоҳад кард.

Вале ҳам Браун ва ҳам Камерун зери фишори ҳамҳизбиёни худ хоҳанд буд, дар ҳоле ки Клег вазъи беҳтаре хоҳад дошт ва ислоҳи низоми интихоботии Бритониёро талаб хоҳад кард, то аҳзоб дар ташкили ҳукумат ҳаққи мутаносиб ба ҳузурашон дар порлумон дошта бошанд. Вале то ҳоло ингуна буд, ки аз ду ҳизбе кадоме раъйи бештар меовард, ҳаққи ташкили ҳукуматро соҳиб мегашт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG