Пайвандҳои дастрасӣ

Вазъи озодии баён, нигаронӣ аз густариши бемории фалаҷ ва мушкилоти роҳи пулакии Душанбе – Чаноқ аз мавзӯъоти меҳварии матолиби бештари нашрияҳои ин ҳафтаи чопи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аст.

«Озодии ноозоди баён»


Ҳафтаномаи Нигоҳ дар иртибот ба рӯзи байналмилалии озодии матбуот, ки ба таърихи 3-юми май аз сӯи созмонҳои мустақили рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд, мушкили дастрасӣ ба иттилоот дар идораҳои давлатӣ, қазияҳои додгоҳии бархе аз нашрияҳои мустақил ва ҳамчунин қонунгузории заъиф ва дахолати ғайриқонуниву ғайрибозории Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмонҳои байналмилалӣ ба бозори расонаии кишвар дар шакли обунаи ихтиёрӣ ва маҷбурӣ ва бурсҳову кумакҳои молиро аз маҳдудиятҳое дар рушди озодии баён дар кишвар арзёбӣ кардааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон бо он ки бар вуҷуди озодии матбуот дар кишвар таъкид дорад, аммо ба Нигоҳ гуфтааст, «бештари ҳодисаҳои маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот аз ҷониби мансабдорони мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо ба назар мерасад ва дар ин қатор масъулони сохторҳои қудратӣ, ба хусус ВКД ва Прокуратура низ шомил ҳастанд».

Саймуддин Дӯстов, раиси ширкати «ИНДЕМ» ва муассиси нашрия, ки тарафдори сад дар сад таъмин будани озодии баён дар Тоҷикистон аст, бар ин бовар аст, ки «онҳое, ки аз адами озодии баён ва матбуоти озоди миллӣ дар Тоҷикистон ҳарф мезананд, ё дурӯғгӯёнанд ё ғаразҷӯён». Аммо Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи миллӣ озодии баён дар Тоҷикистонро «аз Қирғизистон ва Қазоқистон бадтар хонда, вале аз Туркманистону … хубтар» баҳогузорӣ кардааст. Вай ба нашрия гуфтааст, «қонунҳои Тоҷикистон озодии баёнро таъмин мекунанд, аммо дар татбиқи ин санадҳо мушкили вуҷуд дорад».

«Тоҷикистон фалаҷ мешавад?»


Озодагон дар матлабе зери номи «Тоҷикистонро фалаҷ пахш мекунад?» аз густариши бесобиқаи ин беморӣ дар кишвар ибрози нигаронӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба ваксинзании кӯдакони синни то панҷсола идома медиҳад. Аммо нашрия «ҳаволаи кӯдакони синни аз панҷ болоро ба Худо гуфта», эҳтимоли хатари ин беморӣ барои калонсолонро низ баъид надонистааст. Зеро, ба навиштаи нашрия, «бар асоси пажӯҳиши Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар миёни афроди мубтало ба бемории фалаҷ ду нафар, яке 15 – сола ва дигаре 24 – сола низ будаанд». Ба ин далел, нашрия ваксинзании кӯдакони синни аз шашсола болоро низ омили «решакан кардани ин бемории марговар дар Тоҷикистон» хондаааст.

«Даҳшати марг дар роҳи пулакӣ»


«Даҳшати марг дар роҳи пулакӣ», матлаби дигарест, ки ҳафтаномаи Озодагон мунташир кардааст. Вуҷуди мушкилоти фаровон дар ҳаракати роҳи Душанбе – Чаноқ, ки ахиран пулакӣ шуда ва ширкати хориҷии «Иновейтед Роуд Солушнз» масъулияти пулчинӣ дар ду қитъаи ин роҳро дорад, дар меҳвари ин матлаб қарор гирифтааст. Ба навиштаи муаллиф, дар ҳоле, ки фаъолияти ин ширкат дар заминаи пулчинӣ «ғайриқонунист», афзун бар ин набуди шароити мусоиди ҳаракат дар ин роҳ, эътирозотеро дар миёни ронандагон ва мусофирон ба бор овардааст. Ба навиштаи нашрия, «маҳз шаффоф набудани фаъолияти ширкати «Инновейтид Роуд Солюшнз» шубҳаҳоро афзоиш медиҳад ва тасаввури ин ки фардои наздик пулакӣ шудани қисматҳои боқимондаи роҳ низ метавонад ба авҷи эътирозоти мардум боис гардад, ки оқибати хуб нахоҳад дошт».

«Шиакунон»-ии мардуми Тоҷикистон?


Нашрияи мустақили Фараж дар матлабе таҳти унвони «Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам» аз сиёсатҳои Эрон дар қиболи Тоҷикистон интиқод карда ва мавзеъгирии Теҳрон нисбат ба Душанбе тавассути густариш бахшидани мазҳаби шиа дар ин кишварро дастаке барои тафриқаандозии қудратҳои султаталаб арзёбӣ кардааст. Ба навиштаи нашрия, Эрон ба «шиакунонӣ» -и мардуми тоҷик дар даҳаи 1990 шурӯъ карда ва радиои бо ном «Садои Хуросон» дар пиёда кардани ин амр имрӯз низ саҳм дорад.

Ҳарчанд, ки ба навиштаи муаллифи матлаб «натиҷаи якранги барномаҳои «Садои Хуросон» тайи 5-6 соли ахир ин радио аксари шунавандагони худро аз даст додааст». Муаллиф низ сабаби асосиро дар ба таври бояду шояд пардохта нашудани масоили Тоҷикистон ва таблиғу тарғиби беандозаи мазҳаби шиа дар ин радио медонад. Муаллиф хулоса кардааст, ки «агар Эрон дар сиёсати худ нисбати Тоҷикистон бознигарии куллӣ анҷом надиҳад, оқибати ҳузураш дар ин кишвар тираву тор хоҳад буд». Афзун бар ин муаллиф исрор дорад, ки «Эрон бояд қабул кунад, ки Тоҷикистон як кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги онҳост ва бояд бархӯрдҳо баробар ва бародарона бошанд, на худхоҳона ва бо кибру ғурур».

«Муаллимони 10-сӯма ва 30-сӯма»


Пайкон иқдоми ахири Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон дар ҷиҳати гузаштан ба таҳсили 12 – соларо зери суол бурда, навиштааст, «оё ин ислоҳот метавонад, обруву эътибори муаллимро дар миёни ҷомеъа боло бардорад ва киссаҳои холии муаллимон ва мактабҳои холӣ аз омӯзгоронро пур кунад?». Дар ҳоле, ки ба навиштаи нашрия «имрӯз тамоми имтиёз аз муаллимон бардошта шуда, муаллим хор гаштааст. Дар тамоми деҳаҳои кишвар ҳудуди сад ҳазор бачаҳо аз мактаб дур мондаанд. Ҳатто эҳтиром дар баробари муаллим ба дараҷае расидааст, ки ба ӯ лақаби «муаллимони 10 – сӯма ва 30 сӯма» -ро муносиб дидаанд».

Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Асотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон, низ зимни ибрози назар ба ҳафтаномаи Наҷот гуфтааст, ки «ҷомеъаи Тоҷикистон ба чунин ислоҳот, яъне гузариш ба таҳсили 12 – сола омода нест». Аммо Баҳриддин Камолиддинов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки «агар барнома ва он тадбирҳое, ки вазорати маориф барои беҳбуди таълиму тадрис дар системаи маориф пешбинӣ кардааст, амалӣ шаванд, натиҷаи хуб ба даст хоҳад омад».

Сангаку Ёқубу Файзалӣ


СССР мавзӯъи қаҳрамонии Сангаку Ёқубу Файзалӣ ва дигар пешвоёни Фронти Халқии даврони ҷанги дохилии Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта ва аз забони Раҳими Ашроф, як тан хонандагонаш Сангак Сафаровро «қаҳрамони миллат» талаққӣ кардааст. Ин хонанда, ки дар посух ба матлабҳои қаблан дар ин мавзӯъ навишта, назари худро баён кардааст, «сиёҳкунии қаҳрамоне, аз қибили Сангаку Ёқубу дигаронро хатаре ба ваҳдати беназир дар Тоҷикистон» пиндоштааст. Вай гуфтааст, «мард шав, эй дусти душман… Суханро дониста гӯй. Оташи хомӯшгаштаро пуф накун. Ба душманони дохиливу беруна ин қадар дастак эҷод накун. Ин одататро тарк намо, ки хатарзост. Чирки нохунро кофта, мардумро шӯронданат бас аст ва ин одати мардона ҳам нест».
XS
SM
MD
LG